ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ

Имрӯзҳо бараъло мушоҳида менамоем, ки чӣ тавр инсоният аз вабои аср терроризм ва экстремизм зарар мебинад ва чӣ қадар кулфат мебардорад. Имрӯзҳо тавре, ки аз расонаҳо иттилоъ меёбем бо сабабҳои гуногун гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ ин ё он гӯшаи ҷаҳонро мавриди ҳамлаи террористӣ қарор медиҳанд, ки дар натиҷа ҳазорон инсони бегуноҳ ба ҳалокат мерасад ва ин бисёр ҳам ҳодисаи нангин аст.

Тавре, ки медонем ва ҳамон гуна, ки аз нақли коршиносон бармеояд, аксаран қурбони амалҳои террористӣ одамони бегуноҳ мегарданд ва аз ин фақат террористон лаззат мебаранду халос. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар ҳамдастӣ ва якҷоягӣ ба ҳамаи ин амалҳои нанагин муборизаи бемаон бурда ин вабои асрро нест намояд.

Аксарияти гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ ё решаи мазҳабӣ доранд ва ё дар шаклгирии номашон ва оинномаву барномаашон иртиботу пайванде ба ислом махсус гузошта шудааст, аз ин мақсад фақат бадном кардани ислом ҳасту халос.

Мо устодони кафедра ин амалҳои содир намудаи террористонро дар тамоми ҷаҳон маҳкум намуда, гуфтани ҳастем, ки нест бод терроризм!