ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: АЪЗОЁНИ ТЭТ ҲНИ НЕРӮИ ПУРТАҶРИБА ДАР ҶАҲОНИ ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Мо вақте, ки ба ин масъала аз нигоҳи коршиносон менигарем ва таҳлилҳоро мутолиа менамоем, маълум мешавад, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз замони пайдоиш то ба имрӯз тавонистаанд чанд марҳалаи омодагӣ ва марказҳои таълимии даҳшатафканиро бигузаранд ва ба як гурӯҳи азими пуртаҷриба дар олами терроризми байналмилалӣ табдил ёбанд.

Ҳарчанд ҳамкории ин гурӯҳҳои террористии наҳзатиро мо борҳо бо созмонҳои террористии “Давлати Исломӣ” ва “Ал-Қоида” шоҳид будем, аммо ба ин ҳад зуд ба як нерӯи азими террористӣ табдил шудани ТЭТ ҲНИ-ро интизор надоштем.

Ҷиноятҳову амалҳои террористии содирнамудаи ТЭТ ҲНИ дар солҳои 90-уми арси гузашта ва баъд аз он гувоҳ бар он аст, ки аъзоёни ин ташкилоти террористӣ комилан аз рафтору гуфтори инсонӣ баромада ба як махлуқи зараровар табдил ёфтаанд.

Танҳо аз соли 1997 то соли 2018 аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар қаламрави кишвар зиёда аз 30 амали террористиро содир намудаанд, ки ин хиёнати бузург аст.

Мо, устодони кафедра ин рафтори ваҳшиёнаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда гуфтанием, ки аз ин вабои аср эҳтиёт шаванд.