Чанд рӯз қабл мақолаи Саидюнуси Истаравшанӣ, ки аъзои фаъоли ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ мебошад мутолиа намудем, ки бо номи “ Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?” нашр шудааст.
Дар мақолаи мазкур муаллиф кӯшиш намудааст, ки дар бораи вазъи ислом сухан кунад, аммо натавониста, бештар ба тарғиби андешаҳои террористи бузургаш Кабирии палид, ки чанд рӯз қабл як дурӯғеро бофта баромад, суханронӣ намудааст. Ҳамагон хуб медонем, ки Истаравшании бадбахт на дониши хуби дини дорад ва на саломатии дуруст. Зеро тибқи маълумотҳои тибабон Истаравшании палид гирифтори бемории рӯҳӣ мебошад ва ҳар вақт аз ин беморӣ ранҷ мебарад.
Аммо ин сухани охираш маълум сохт, ки воқеан ҳам ӯ ҳоло дар гирдоби ҳамин бемории равонӣ ғӯта задааст.
Мо устодони кафедра ин мақоларо мутолиа намудем ва гуфтани ҳастем, ки ягон сухани ӯ воқеият надорад ва мо ин мақоларо маҳкум менамоем.