ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: ИНТИХОБЕ, КИ БО АМРИ ДИЛ ГУЗАШТ!

Дар ҳақиқат интихоботи имсола аз интихобҳои қаблӣ хеле фарқ дошт ва аз чанд нукта низ баёнгари боло рафтани фарҳанги волои сиёсии ҷомеа низ буд. Интихоботи президентиеро, ки гузашт метавон як навъ роҳи нави худшиносӣ ва фарҳанги волои сиёсии ҷомеа номид.  Маълум мешавад, ки ҷомеа аллакай дарк кардааст ва шинохт аз арзишҳоро дорад, ки ин барои миллат хеле муҳим мебошад.  Дигар ин ки акнун миллати тоҷик фаҳмид, ки бояд барои кадом роҳ ва чӣ овоз диҳад, то тезтар ҳадафҳояш пиёда мегардад ва ҳамин тавр ҳам шуд, имрӯз миллати тоҷик барои роҳи сарсабзу хуррам ва ободу пешрафт овоз доданд.

Мо, омӯзгорони кафедра интихоботи навбатии президентиро интихоботи олӣ ва роҳи муваффақияти миллат ҳисобида, номзади арзандаро табрику таҳният мегӯем.