ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: ИСЛОҲ.НЕТ-СОМОНАИ ИФРОТИИ ТЕРРОРИСТОН!

Ҳарчанд ин шабу рӯз дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаҳо зиёд аст, аммо сомонаиҳои барои мардум зараррасон низ имрӯзҳо дар ин баста ҷойгоҳе ба худ касб карданӣ мешаванд. Яке аз чунин сомонаҳо, сомонаи ифротии наҳзатиён исломҳ.нет мебошад, ки барои таблиғи нодурусти ахлоқи иҷтимоӣ ва ҳамзамон барои таблиғи ақидаҳои ифротӣ амал мекунад.

Дар сомонаи ислоҳ.нет, ки бештар ба аъзои ТТЭ ҲНИ М. Садриддин тааллуқ дорад ақидаҳои зиддимиллӣ ва душманона бар Ватан таблиғ мешаванд, ки бояд баста шавад. Ягон мавод ва матлаби ин сомонаи ифротӣ ва ё худ минбари ифротиёну террористон дуруст несту ҳамааш бар зидди андешаи солим навишта шудааст ва албатта маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба чӣ хотир онро таъсис додаанду бо ин чӣ хел бар миллат зарар расонидан мехоҳанд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, таъсисдиҳандагони чунин сомонаҳои ифротиро комилан маҳкум менамоем.