Чуноне, ки ҳамагон хуб медонем дар чанд соли охир махсусан дар чанд моҳи гузашта фаъолияти як қатор созмонҳои террористӣ густариш ёфта, доираи фарогирияшон зиёдтар гардид. Тавре, ки ҳамагон медонем тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти як қатор созмонҳо ва гурӯҳҳои ифротгароӣ дар Тоҷикистон мамнуъ эълон карда шудаанд.
Аз ҷумла аз “Ал-Қоида” сар карда то созмони ТЭТ ҲНИ ва “ДИИШ” дар кишвар расман мамнуъ эълон карда шудааст. Вале аксарияти ин созмонҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурда, доираи фаъолияти террористӣ эктремистии худро афзоиш медиҳанд.
Созмони ТЭТ ҲНИ, ки аз бузургтарин ташкилотҳои террористии ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва баъди “Ал-қоида” дуюмин ташкилот харобкор ва ифротгаро дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, имрӯзҳо ба тарғиби ғояҳои ифротӣ пардохта дар сомонаҳои интернетӣ матлабҳои иғвобарангез ва хусусияти ифротгароӣ доштаро паҳн менамояд, ки барои махсусан қишри ҷавон хатрнок аст.
Аз ин лиҳоз моро ҳар чӣ зиёдтар зарур меояд, ки сомонаҳои интренетиро, ки бар зидди барномаи миллии кишвар аст, зери назорат қарор диҳем ва ҷавононро низ огоҳ созем, то ҳушёриву зиракии худро аз даст надиҳанд.
Мо фаъолияти чунин сомонаҳоро, ки бар зидди арзишҳои инсонӣ равона гардидаанд, маҳкум намуда, ба ҷавонон тавсия медиҳем, ки аз нигоҳ ба ин гуна сомонаҳо худдорӣ варзанд.