ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: М. САДРИДДИН ХОИНИ МИЛЛАТ!

Чандест, ки пас аз фирор намуданаш аз кишвар хоини миллати тоҷик яке аз наҳзатиёни манфур М. Садриддин ба хотири душманӣ варзидан бар миллати тоҷик имрӯзҳо тариқи интернет иғвобарангезӣ мекунад. М. Садриддин аввал маводҳои динии ифротиро дар сомонааш ба нашр мерасонид ва сипас ба хиёнаткорӣ рӯ оварда, ҳоло баҳри гумроҳ кардани ҷавонон бештар матлбаҳои бофтаву тахаюлии худашро аз номи мардум чоп мекунаду ҷомеаро фиреб дод.

Ҳамагон хуб медонанд, ки М, Садриддин ва дигар наҳзатиён аз ҷониби хоҷагони хориҷияш мабӣлағгузорӣ мешаванду мақсаду маромашон ҳам гумроҳ кардани ҷомеа мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманонаи М. Садриддинро комилан маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод мегӯем!