ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: ОШӮБҲОИ БЕЛОРУС АЗ БЕАҲМИЯТИСТ!

Дар ҳақиқат ин шабу дар кишвари Белорус мардум бо фармони гурӯҳҳои ҷудоиталаби аз берун идорашаванда ба кӯчаҳо баромада, кӯшиш мекунанд, то бар зидди ҳокимияти феълӣ эътироз намоянд. Аммо мардуми эътирозгари бо фармони бегонаҳо ба майдон баромадаи Белорус як чизро фаромӯш кардаанд, ки имрӯзҳо онҳо бо тақдири насли ояндаи худ, бо тақдири давлати худ бозӣ мекунанд ва ин хатои бузург мебошад.

Зеро мардуми оддӣ намедонанд, ки бо фармони бегонагон ба кӯчаҳо рехтаанд ва бехабаранд, ки кишвари худро ба Украини дуюм табдил медиҳанду халос. Украинҳо ҳам бо чунин шева ба майдоннишинӣ карданду оқибат сарҳад ва имконияти давлати худро аз даст доданд. Магар ҳамин барои мардуми Белорус дарс шуда наметавонад?!

Мо, омӯзгорони кафедра ин муносибати нодуруст ва амали иштибоҳии мардуми белорусро маҳкум намуда, гуфтани ҳастем, ки ба тақдири мардуми Украина бингаред ва мефаҳмед, ки бо ишораи хориҷӣ баромада чӣ маъно дорад?