ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: КӮРБОТИН ҲАРГИЗ НАБИНАД, РОҲИ РОСТ!

Ҳамон гуна, ки маълум аст, феълан аъзоёни ТТЭ ҲНИ пас аз фирор намуданашон ба кишварҳои Аврупоӣ бар алайҳи миллат мубориза мебаранду ин шабу рӯз иғвобарангезӣ менамоянд ва ҳар чӣ зудтар мехоҳанд бо дурӯғҳову қиссаҳои бофтаашон мардумро ба гумроҳӣ баранд.

Албатта, кӯрботинони наҳзатӣ асло ба қадри ин Ватан ва ин хоку марз намерасанд ва ҳамин аст, ки имрӯзҳо бар зидди миллат мубориза намуда, талош мекунанд, ки ҳамон нақшаи куҳнаи ТТЭ ҲНИ яъне дубора дар кишвари мо ҷангу хунрезӣ ба амал оваранд, ки ин бисёр ҳам даҳшатовар асту нобахшиданӣ. Ҳанӯз ҳам доғи ҷабру зулми наҳзатиён дар он солҳо аз дили мардум нарафтааст ва ҳанӯз ҳам захмҳо меҷӯшад, ки ин амали душманонаи наҳзатиёнро ҳаргиз миллат намебахшад.

Мо, устодони кафедра ин рафтори наҳзатиёнро комилан маҳкум намуда, бар онҳо барои душмани варзидан бар миллати мо, лаънат мехонем!