ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БО ФАРҲАНГИЁНИ ТОҶИКИ МУҚИМИ ФРАНСИЯ МУЛОҚОТ НАМУДАНД

Ҳарчанд қабл аз сафари Роҳбари давлат ба давлатҳои Аврупо хоинон ва нотавонбинони миллат зиёд ҳангома барангехтанд ва дурӯғҳои зиёде гуфтанд, аммо вақт нишон дод, ки масъала комилан дигар аст.

Хоинон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ даъво пеш оварданд, ки Роҳбари давлат бо тоҷикони муқими кишварҳои хориҷӣ мулоқот намекунанд ва фақат сафарҳо аз дидору мулоқотҳои расмӣ иборат аст. Аммо тавре, ки огоҳ ҳастем ба ҷуз дидору мулоқот бо ҳайати баладпояи Ҷумҳурии Франсия Пешвои муаззами миллат боз бо фарҳангиён ва фаъолони тоҷики муқими ин давлати аврупоӣ мулоқоти самимӣ баргузор намуданд ва дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҳоли тоҷикони кишвари Франсия огоҳ шуданд.

Акнун намедонам, ки наҳзатиёни бадкеш ва тирасар боз чӣ дурӯғе пеш меоварда бошанд ва чӣ нияте дар сар дошта бошанд, лек ҳамин қадар гуфта метавонам, ки ҳангомаҳои наҳзатиёни палид дурӯғ баромад ва дасисабозии ин тоифаи бадкор ошкор гардид.

Аз ин рӯ, ба ҷавонон гуфтани ҳастем, ки фирефтаи суханони тирасарони наҳзатӣ нагарданд ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд.

Мо омӯзгорони кафедраи экология ин рафтори наҳзатиёни лаинро маҳкум намуда, ба ин тоифаи наҳзатиёни бадниҳод лаънат мехонем.