ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: НЕСТ БОД ИФРОТГАРОӢ!

Имрӯз чун анъана созмонҳои террористӣ-экстремистӣ ва ё худ гурӯҳҳои хурди ифротгароӣ, ки барои гумроҳ намудани ҷомеа талош менамоянд шуморашон дар сар тосари ҷаҳон афзун гардидааст, ки ин хеле хатарнок аст. Коршиносон бештар сар задани гурӯҳҳои ифротиро дар ин ё он гӯшаи дунё ба мазҳабу фирқаҳои динӣ рабт медиҳанд, ки  то ҷое ҳақиқат надорад. Зеро аксарияти созмонҳои террористӣ-экстремистӣ аз дин ҳамчун василдаи боварӣ ва гумроҳсозӣ истифода менамоянду халос.

Чунки барномаи созмонҳои ифротӣ ва ё террористӣ-экстремистӣ  фақат куштор ва нест намудани инсон аст, ки ин чиз дар чаҳор дини эътирофшуда гуфта нашудааст ва ин ки гурӯҳҳои манфитаҷӯ аз дин сӯистифода мекунанд, сад дар сад дуруст аст.

Мисле, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳам аз дин истифода намуда, бар миллати тоҷик хиёнатҳои зиёде намуданд ва ҳатто ҷони зиёда аз 150 ҳазор касро гирифтанд, ки ин бузургтарин ҷинояти наҳзатиёни малъун дар таърихи башарият мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори наҳзатиёни малъунро маҳкум намуда, ба ҳама хоинони бадкеши миллат ва махсусан наҳзатиёни манфур лаънат мехонем.