ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ!

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон шабакаҳои террористӣ-экстремистӣ, ки дар заминаи фирқаҳои динӣ ба вуҷуд омадаанд амал мекунанд ва ҳамарӯза харобкориҳоеро дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон анҷом медиҳанд ва ҳаёти садҳо нафарро зери хатар мегузоранд, ки ин бисёр ҳам ҳолати вазнин аст.

Ҳоло шабакаҳои террористӣ дар кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ арзи ҳастӣ намуда аз ҳамон бо баҳонаҳои дину мазҳаб амал менамоянд ва амалҳои террористиро содир мекунанд, ки хеле нигаронкунанда аст.

Вале дар асл бошад ин шабакаҳои террористӣ ягон хел иртиботе ба дину мазҳаб надоранд, танҳо аз номи дин сӯистифода намуда, мардумро гумроҳ менамоянд ва ин аллакай миёни мардум ва қишрҳои мухталиф овозаҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст.

Мо, устодони кафедра ин ҳама харобкориву хиёнатҳои гурӯҳҳои террористиро маҳкум намуда, гуфтанӣ ҳастем, ки лаънат ба ташкилкунандагони созмонҳои террористӣ!