ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: ИНТИХОБОТ ШАФФОФ ВА БА ТАВРИ ДЕМОКРАТӢ ГУЗАШТ

Ҳамон гуна, ки хуб маълумот дорем, интихобот як раванди муҳими демократия буда, аз ҷомеаи демократӣ тақозо мешавад, ки ба ҳаёти сиёсӣ тариқи интихобот ва раъйпурсӣ мудохила кунанд, зеро ин навъ мудохилаи ҷамъият шакли пазируфташуда дар ҷаҳон мебошад.

Дар кишвари мо низ интихоботи вакилони парламент шуда гузашт, ки дар он намояндагони 7 ҳизб ширкат варзиданд ва 5-тои онҳо ба парлумон роҳ ёфтанд. Албатта, набояд фаромӯш кард, ки интихоботи ин давра зери назари мушоҳидони байналмилалӣ ва миллӣ шуда гузашт, ки ин нозир ба ҷараёни интихобот баҳои баланд доданд ва шаффофияти интихоботро тасдиқ намуданд.

Аммо чанде аз авбошон ва душманони миллат аз дур истода, бехабар аз ҷараёни интихобот ин маъракаро дигар хел арзёбӣ карданд, ки хушбахтона ба мақсадашон нарасиданд ва интихобот дар кишвар ба таври орому осуда ва ором гузашт.

Мо омӯзгорони кафедра ин гуфтаҳои душманони миллатро маҳкум намуда, шаффофияти интихоботро тасдиқ мекунем.