ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: МАРГ БАР НАҲЗАТИЁНИ ПАЛИД!

Чандест, ки наҳзатиёни манфур дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, талош менамоянд, ки бештар ба мафкураи мардум таъсир расонида, ҷавононро гумроҳ созанд ва ҷиноятҳои содиркардаашонро пинҳон кунанд ва  аз худ як фариштаи бегуноҳ созанд. Барои ин кор наҳзатиёни малъун номи ТТЭ ҲНИ-ро иваз карда,  ба ҷой он дар қолаби ҳамон ташкилоти террористии дигареро бо номи ТТЭ ПМТ ташкил карданд, ки ин ҳам дар асоси барномаи ҳамон барномаи қаблии наҳзатиён ва бо сармоягузории ҳамон палидони хориҷияшон таъсис дода шудааст.

Аъзоёни манфури ТТЭ ҲНИ бо таъсиси ин созмони террористӣ мехоҳанд ба рӯйи худ ниқоб кашанд ва хиёнатҳои кардаашон ба миллати тоҷикро пинҳон созанду ҷавононро бештар гумроҳ созанд, ки умедворам, ки мардум дигар чеҳраи ин наҳзатиёни малъунро шинохтааст ва ҳаргиз ба ин малъунон бовар нахоҳад кард.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори палидони наҳзатиро маҳкум намуда, ба ин тоифаи бадкеш лаънат мехонем.