Пас аз ба хориҷ фирор намуданаш М. Кабирии палид роҳбари ТТЭ ҲНИ дар заминаи ҳамин созмони террористияш созмони террористии навашро ташкил кард, бо номи ТТЭ ПМТ имрӯз маъруфият дорад ва чандин гумроҳро он ҷо ба худ ҳамроҳ сохтааст.
Аслан аъзоёни ин созмонро ҳам ҳамон террористону авбошон ва ё хуб ба ибораи дигар гӯем ҳамон авбошҳои наҳзатӣ ташкил медиҳанду халос ва фақат ин ҷо тағйири ном шудаасту тамом.
Аз рӯйи маълумотҳои ба даст омада ин ташкилоташро Кабирии палид бо дастгирии хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон ташкил кардааст ва чандин маротиба ин хадамот ба суратҳисоби Кабирии молпарасту хоин маблағҳои бузургро гузаронидааст, ки ин идомаи ҳамон хиёнаткориҳои наҳзатиёни малъун мебошад.
Мо устодони кафедра ин рафтори хоинонаву разилонаи М. Кабирии террористро маҳкум намуда, ӯро ҳамчун террористи разил душмани башарият меҳисобем.