Вазъияти ҷаҳонӣ имрӯз ба ҳама равшан аст ва кулли ҷомеа ба хубӣ дарк менамоянд, ки паҳн шудани маризии коронавируси навъи КОВИД-19 ҷаҳонро имрӯз ба чӣ ҳолате овард?
Ниҳоят ин маризӣ ба кишвари мо ҳам омад ва ҳоло тамоми қишрҳои ҷомеа мубориза мебаранд, то ба зудӣ бар ин вабо пирӯз шаванд. Табибон шабу рӯз дар хидмати мардум ҳастанд ва талош мекунанд, то ҳар як беморро аз ин вабо наҷот диҳанд.
Аммо чизи ҳайратовар дар ин шабу рӯз дар он аст, ки душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни манфур кунун талош мекунанд аз ҳамин вазъият сӯистифода намуда, ҷомеаро ноором созанд, миллатро гумроҳ кунанду кишварро ба маркази ҷангу хунрезӣ табдил диҳанд.
Маълум аст, ки наҳзатиёни манфурро имрӯз хоҷагони хориҷияшон маблағгузорӣ мекунанд ва ин як далели бебаҳс аст, вале ҳатман рӯзе мерасад, ки ин душманони миллат пушаймон мешаванд ва дар дуроҳаи саргардонӣ хоҳанд монд. Зеро дар ҳамин лаҳзаи душвор, ки ин наҳзатиён худро гоҳо “ғамхори миллат” меҳисобанд, бояд ба миллат кӯмак кунанд, ғамшарик бошанд, аммо онон душманӣ меварзанд, иғвобарангезӣ мекунанд, то миллатро гумроҳ созанд, ки пасттарин хислати инсонӣ мебошад. Онҳо ба ҷойи дастгирӣ ва ҳамдарди ба миллат, сӯистифода аз ҳолат мекунанд, ки вазнинтарин хиёнат мебошад.
Мо, устодони кафедра ин рафтори душманони миллатро маҳкум намуда, ба ин хоинони бадкеш ва манфури наҳзатӣ лаънат мехонем!