ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ: НИЁЗ БА КАРАНТИНИ САРТОСАРӢ НЕСТ, АММО ЭҲТИЁТ ҲАТМИСТ!

Имрӯзҳо аксарияти кишварҳои абарқудрат бо омадани коронавирус ё худ пандемияи КОВИД-2019  суръати тараққиёти худро суст гардонида, ба ҷойи истеҳсол ва фурӯши газвор ба истеҳсол ва фурӯши ниқобҳо ва лавозимоти тиббӣ гузаштанд, ки ин ҳолат содда набудани зуҳури ин пандемияиро пешгӯйи менамояд.

Ҳоло аксарияти кишварҳои абарқудрат дар ёфтани роҳи табобати ин маризӣ оҷиз мондаанд ва то кунун ягон дорӯеро ҳам пайдо накардаанд, ки бар зидди ин пандемияи КОВИД-2019 мубориза барад.

Аз ин лиҳоз ба даъвои он ки карантини сартосариро тақозо мекунанд, гуфтанӣ ҳастем, ки ниёз ба карантини сартосарӣ нест ва фақат кофист, ки сокинон аз эҳтиёт кор гиранд ва худро ҳифз намоянд, тавсияҳои табибонро ҷиҳати пешгирӣ риоят кунанд.

Зеро карантини сартосарӣ зарар ба худи ҷомеа ва иқтисод аст, ки аз ин бештар худи сокинон осеби молӣ мебинанду халос.

Мо, устодони кафедра гуфтанӣ ҳастем, ки сокинон тавсияҳоро риоя намоянд ва худро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ доранд ва беҳуда ба хиёбонҳо набароянд.