Ҳамагон хуб медонем, ки аз миёни чандин кишварҳои ҷаҳон хушбахтона дар кишвари азизи мо пандемияи КОВИД-2019 вуҷуд надорад ва дар қаламрави кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба ин пандемия хушбахтона ба қайд гирифта нашудааст. Аммо аз чӣ бошад, ки радиои “Озодӣ” бо ҳамтои хабарии террористияш ахбор.ком вобаста ба ин масъала хабару овозаҳои бардурӯғро паҳн намуда, мардумро ба тарсу воҳима андохтаанд, ки ин кори хуб нест.
Зеро тибқи баёнияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар қаламрави ҷумҳурии мо ягон ҳолати мубталошавӣ ё худ сироятёбӣ ба ин пандемияи КОВИД-2019 ба қайд гирифта нашудааст ва то ба имрӯз чораҳои пешгирикунанда андешида мешавад, ки ин хеле хуб аст.
Аз ин лиҳоз аз тамоми мардуми кишвар талаб менамоем, ки ба овозаву хабарҳои бардурӯғ бовар накунанд ва худрову дигаронро зери шубҳаву хатар қарор надиҳанд. Ковид-19 нест воҳима чӣ лозим?
Мо, устодони кафедра рафтори расонаҳои ифротиро маҳкум намуда, ба мардум гуфтани ҳастем, ки ба ин хоинони бадкеши террористпарвар бовар накунанд ва бештар ба маълумоти расмӣ таваҷҷуҳ намоянд.