Ба наздики аз ҷониби яке аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ мақолае нашр гардид, ки дар он дар бораи кишвари мо ва хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ Ҷумҳурии исломии Эрон сухан мерафт, ки муаллифи мақола наҳзатии палиду касиф ба хотири боло гирифтани манфиатҳои ҶИЭ ба кишвари мо ва миллати тоҷик тавҳин задааст, ки ин як хиёнати бузург бар алайҳи миллати тоҷик мебошад.
Ин гуна матлабҳо замоне ба нашр расиданд, ки парда аз рӯйи чеҳраи манфури аъзоёни ТТЭ ҲНИ бардошта шуд ва воқеияту ҳақиқат, робитаҳо муомилоти ин наҳзатиёни террорист бо хадамоти махсуси ҶИЭ ошкор гардид.
Албатта дар вақти навиштани мақолаву матлабҳои интиқодӣ аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунанд ва аз ҷониби хадамоти махсуси ҶИЭ сарпарастӣ мешаванд, бештар манфиати ҳамин давлатро ҳимоя мекунанд ва барои ҳимояи манфиатҳои ҳамин давлат хиёнат мекунанд, ки ин хиёнату хоинонии рӯирости хоинон аст.
Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум намуда ба ин тоифаи пастфитрати наҳзати лаънат мехонем.