Ҳарчанд маълум аст, ки ҳоло душманони миллату давлати тоқикон, ки имрӯз берун аз кишвар ҳастанд, бар алайҳи миллат мубориза бурда, талош менамоянд, ки ҳамин оромиву субот ва пешрафти кишварро барҳам зананд, ки ин як хиёнати бузург мебошад. Феълан Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешрафта дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва анқариб бо тамоми кишварҳои аъзои СММ робитаи дипломатӣ дорад, ки ин дастоварди хеле бузург мебошад.
Вале душманони миллати тоҷик имрӯз аз ҳамин шеваи душманона истифода намуда, талош менамоянд, ки бо нашри матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангез тухми фитнаро миёни ҷомеа бикоранд ва мардумро гумроҳ созанд.
Он гунае, ки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дидем ҳеҷ кас ҳам тасаввур намекард, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ то ба ин ҳад разилу хоинанд, ки дар хизмати хоҷаи хориҷӣ қарор гирифтаанду бар алайҳи миллати худ душманӣ меварзанд. Ҳатто аз ҳамкорӣ ва равобити ТТЭ ҲНИ бо шабакаҳои террористии ҷаҳон фаҳмидан мумкин аст, ки наҳзатиён аз рӯзҳои нахустини ташкилёбӣ хиёнаткор будаанд ва хиёнаткор боқӣ мемонанд.
Мо, устодони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷикро ба таври ҷиддӣ маҳкум намуда, бар хоинони наҳзатӣ лаънат мехонем!