Ба ҳамагон маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ душманони миллати тоҷик ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва фиреб додани мардум солҳои 90-уми асри гузашта аз номи дин ва шариат истифода намуданду кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ мубтало сохтанд ва дар ин ҷанг бештар худи наҳзатиён датс ба қатли оми оммаи бегуноҳ заданд, ки ин амал нобахшиданист. Ҳарчанд то ба ҳол миллат ин ҷиноятҳои наҳзатиёнро фаромӯш накардааст, аммо палидони наҳзатӣ ҳамеша мехостанд инро пинҳон созанду боз ҳам дасисабозиву иғвобарангезии худро идома диҳанд. Аммо филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” парда аз ин ҳама асрори ниҳони наҳзатиён бардошт ва ниқоби наҳзатиёнро шикаст, то миллат ва ҷавонон аз ноҷавонмардиву номардии наҳзатиёни палид, ки даст ба куштору ғоратгарӣ мезаданду ҳатто хоиниву хиёнат бар Ватанро раво дида буданд, огоҳ шавад.
Ҳама ниқобҳои наҳзатиёни манфур дигар шикаста шуд ва тамоми сайёра имрӯз фаҳмид, ки наҳзатиён террористу инсонбадбин ва хиёнаткору разил ҳастанд.
Мо, омӯзгорони кафедра рафтори ноҷавонмардонаву хоинонаи наҳзатиёнро маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!