ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-ИЛМӢ: ТТЭ ҲНИ-СОЗМОНИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК!

Ҳарчанд маълум гардид, ки ТТЭ ҲНИ аз ҷониби хориҷиён ташкил карда шудаасту мақсаду маромаш пора-пора кардани кишвари мо будааст, лек инро то ба ҳол наҳзатиён пинҳон мекарданд. Ва наҳзатиён ҳам бо ҳамин мақсад дар солҳои 90-ум даст ба эътирозҳо зада, оқибат кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор намуданд, ки дар натиҷа садҳо ҳазор нафар зарар дид. Зиёда аз 160 ҳазор нафар шаҳрванди бегуноҳ аз дасти наҳзатиён ба қатл расонида шуд, ки ин бисёр ҳам талафоти бузург мебошад.

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо ин иктифо накарда, имрӯз ҳам мехоҳанд, ки бар миллати тоҷик зарар расонанду ҳамон мақсаду мароми дар солҳои 90-ум амалӣ нашудаашонро дубора амалӣ созанд ва ҳамин аст, ки имрӯзҳо нияти гумроҳ кардани ҷомеаро дар сар мепарваранд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин нияту мароми наҳзатиёнро хуб дарк намуда, ба ҷавонон гуфтанӣ ҳастем, ки фирефтаи дасисабозиҳои наҳзатиён нагарданд!