ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-ИЛМӢ: М. САДРИДДИН АЗ НОМИ МАРДУМ ДУРӮҒ МЕГӮЯД!

Тавре, ки маълум аст, аъзоёни ТТЭ ҲНИ пас аз фирор намуданашон ба хориҷи кишвар бо ёрмандии хоҷагони хориҷияшон барои худ шароит сохта, аз ҳамон ҷо истода бар алайҳи миллати тоҷик  мубориза мебаранд, кӯшиш мекунанд, то ҷомеаро бо сафсатаву ҳарзаҳояшон гумроҳ созанд. Яке аз чунин наҳзатиёни ифрогтӣ ва авбош, ки ҳамарӯза тӯҳмату бӯҳтоннома менависад М. Садриддин мебошад, ки аз Аврупо истода аз номи мардум қиссаву ҳикояҳо бофта, ба нашр мерасонаду иғвобарангезӣ намуд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ барад. Агар аз нуқтаи назари амиқ бингарем, хуб ба назар мерасад, ки мактубҳои нашрнамудаи М. Садриддин саропо дурӯғу бофта мебошанд ва ягон ҳақиқат надорад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душмани миллати тоҷик М. Садриддини дурӯғгӯйро маҳкум намуда, гуфтани ҳастем, ки шармат бод!