Раҳматилло Зоиров раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар баёнияе навиштааст, ки барои ташкили гирдиҳамоӣ аз мақомот иҷозат мепурсад ва ҳамчунин ишора кардааст, ки ҳизби ӯро ба тарсӯӣ мутаҳам накунанд, ки ин албатта аз ҳарзаҳои навбатии ӯст.
Зеро чанде қабл муовини Р.Зоиров низ бо ҳамин гуна шева худашро реклама карда буд, аммо воқеият ин будааст, ки писараш бинобар нақзи қонуни будубоши Росия дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешаваду овозаю дарвозааш беҳуда аст.
Албатта, аъзоёни ҳизби Зоиров он қадар зиёд ҳам нестанд ва ҳамагон медонанд, ки ин ҳизб он қадар маҳбубият надорад, лек раисаш фақат бо эҷоди баҳонаву найрангҳои наҳзатмонандаш ҳизбашро реклама мекунад ва ҳамеш ҳарзагӯӣ мекунад.
Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори раиси ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистонро маҳкум намуда, ба Зоиров барои ҳарзагӯиву ноором кардани ҷомеа ҳафи ту мегӯем.