ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-ИЛМӢ: ТТЭ ПМТ-НЕРӮИ ТЕРРОРИСТИИ НАВ ДАР ҚАЛБИ АВРУПО

Ба ҳамаамон маълум аст, ки пас аз фирорӣ шудан наҳзатиёни палид аз ТТЭ ҲНИ, ки ҳама хиёнатҳояш ба миллати тоҷик ошкор шуд, даст кашиданд ва дар Аврупо ташкилоти наверо таъсис доданд, ки ҳамон ҳадаф ва барномаи ТТЭ ҲНИ-ро думболагири мекунад ва фақат бо номи ТТЭ ПМТ.

Инро мо метавонем аз чанд ҷиҳат шарҳ диҳем ва ҳамаи далелҳоро ин ҷо биорем. Зеро роҳбари ТТЭ ПМТ ҳамон роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирии малъун аст. Дигар ин ки сармоягузори ТТЭ ПМТ ҳамон хоҷаи хориҷии ТТЭ ҲНИ мебошад ва аъзоёни ТТЭ ПМТ ҳамон аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошанд, ки ин чизро аз мадди назари мардум пӯшонида намешавад.

Ҳарчанд наҳзатиён ин ҷо ин кор мекунанд, дигар думболи исломгароӣ нестанд ва ҳоло демократ шудаанд, аммо ин ҷо ҳамон мақоли мардумии “ Хари Исо ҳазор марта Макка равад, ки боз ҳамон хар аст” ба ёд меояд, ки ҳамон террористии наҳзатиёни малъунро исбот месозад.

Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ҳамаи ин наҳзатиёни навдемократро, ки ба баҳонаи демократия мардумро гумроҳ карданӣ ҳастанд, лаънат мехонем.