Дар чанд соли охир дар ҷомеаи ҷаҳонӣ падидаву зуҳуротҳои мухталифе сар заданд, ки аксарияти ин зуҳурот ҷанбаи манфӣ ва зараррасон ба ҷомеа буда, бар хилофи ахлоқи башарӣ мебошад. Зуҳури падидаи номатлуби терроризм ва экстремизм ҳам бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи инсоният коста гардида, ахлоқи башарӣ коҳиш ёфтааст.
Зеро зимни баррасии ин масъала ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар чанд соли охир афроди нохудогоҳу мансабпараст ва пулпараст дар ҷомеа зиёд гардидаасту ва ба хотири ба даст овардани маблағҳои ҳангуфт даст ба террору одамрабоӣ мезананд.
Мисоли ин гуфтаро мо дар аъзоёни ТТЭ ҲНИ бараъло мушоҳида менамоем, ки чӣ тавр ба хотири пулу мол шуда, ба миллату Ватани хеш хиёнат намуданд ва танҳо аз соли 1997 то соли 2016 аъзоёни ин ташкилоти террористӣ дар қаламрави кишвар зиёда аз 30 амали террористӣ содир намудаанд, ки ҳамааш бо супориши хоҷагони хориҷияшон сурат гирифтааст.
Аз ин рӯ, мо устодони кафедра ин хиёнати наҳзатиёни палидро маҳкум намуда, ҳамаи ин тоифаи бадкешро намоянда аз сабади пастфитратони иҷтимоӣ меҳисобем.