Ҳамон гуна, ки маълум аст, имрӯз ҷаҳониён бо пандемияи КОВИД-2019, ки гоҳо коронавирус ҳам номида мешавад, мубориза мебаранд ва ин пандемия имрӯз бисёри кишварҳоро фаро гирифтааст, ки то кунун роҳҳои табобати гуногун барояш пешниҳод шудааст. Вале ҳамоно чораҳои пешгирӣ аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои шаҳрвандон пешниҳод гардидааст, ки ҳамагон онро бояд то муддати муайян риоя намоянд.
Аз ҷумла риоияи гигиенаи шахсӣ ва тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандон хеле зарурӣ мебошад.
Хушбахтона дар кишвари мо ягон ҳолати сироятёбӣ ба ин пандемия ба инобат гирифта нашудааст, аммо сокинон набояш чораҳои эҳтиётиро баҳри пешгирӣ фаромӯш кунанд.
Аз ин лиҳоз, аз ҳама шаҳрвандони кишвар ҷиҳати гумроҳ нашудан ва сарсон нагардидан хоҳиш менамоем, ки ба ҳама матлабҳои бардурӯғ ва хабарҳои сохтаи расонаҳои дасисабоз бовар накунанд.
Мо, устодони кафедра талош менамоем, ки ҳамеша аз ахбори дақиқ ва саҳеҳ шаҳрвандонро баҳравар гардонем ва кӯшиш мекунем, ки ба ҳама овозаҳои беасос бовар накунем.