ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: НАФСИ САРКАШ МУЛКИ ТАНРО МЕДИҲАД ОХИР БА БОД

Дар чанд соли охир ба таври кулли аён гардид, ки чӣ тавр аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” барои чор тангаи муфт ба даст овардан ва соҳиби сарвату дороӣ гардидан, ба Ватан ва миллати хеш хиёнат мекунанд.  Ин хоинони наҳзатӣ барои бадном кардани кишвар дар назди  аҳли сайёра талош менамоянд ва барои ҳатто аз хадамоти махсуси чанд давлати хориҷӣ ва аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон маблағҳои ҳангуфт мегиранд ва ин ба ҳукми анъана даромадааст.

Ин разилони кӯрчашм ва бадниҳоду ҷоҳил барои хоҷагони хориҷияшон фаъолият намуда, тамоми тавонашонро сарф менамоянд, то миллатро хору залилд ва гумроҳ гардонанд. Зеро маҳз барои ҳамин хиёнат ва душманӣ ба миллат ба ин наҳзатиёни  палид ва террорист хоҷагони хориҷияшон маблағҳои ҳангуфте ҷудо мекунанд ва ин як кори ҳамешагии наҳзатиёни лаин гардидааст.

Ҳамон гуна, ки маълум аст инсон ба хотири нафс ва дили торикаш ба ҳар роҳе меравад ва виҷдонашро мефурӯшад ва ин наҳзатиёни террорист ҳам ба ҳамин тоифаи баднафсон ва гумроҳони маонӣ дохил мешаванд.

Мо омӯзгорони кафедра рафтори ин хоинон ва душманони миллатро ба таври комил маҳкум намуда, ба ин тоифаи разил ва баднаф лаънат мехонем!