Маълум мешавад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ пас аз ба Аврупо фирор намуданашон ҳам ором наистодаанду ба ҷуз иғваобарнгезиву дасисабозӣ боз ба ҷайби шаҳрвандони кишвар низ чашм дӯхтаанд, ки ин бисёр ҳам амали зишт мебошад. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамагони маккору ҳиллагар ва дар итоати хоҷагони хориҷияшон ҳастанд, ки ҳар шому саҳар бо фармони хоҷаҳояшон чашм мекушоянду даҳон кушод. Ва барои он ки аз хоҷаи хориҷияшон маблағе ба даст оваранд, 24 соат бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд ва ифротгароиро тарғиб мекунанд, ки хиёнати рӯирост мебошад. Вале ҳодисае, ки ҳоло ҳамаро нигарон кардааст, наҳзатиёнро сархаму ба зону занонидааст, ин ошкор шудани қаллобии М. Садриддин яке аз ақлакҳои наҳзатӣ мебошад, ки шабу рӯз аз қоидаву қонуни шариат мегуфт, аммо исбот шуд, ки худ дар сухан дигару дар амал дигар будааст.
М. Садриддин бо роҳи фиреб баҳонаи тиҷорат аз 3 шаҳрванди кишвар маблағ ба миқдори 430 000 доллар гирифта, дигар барнагардонидааст, ки аз ин қаллобие бештар намешавад.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллатро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!