ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: СОМОНАҲОИ НАҲЗАТӢ-МАРКАЗИ ТАРҒИБИ ҒОЯҲОИ ТЕРРОРИСТӢ!

Ҳарчанд маълум аст, ки дар арсаи байналмилалӣ имрӯзҳо обрӯ ва мақоми аъзо ва пайравони ТТЭ ҲНИ садҳо маротиба поин рафтаасту ҷомеаи башарӣ наҳзатиёнро ҳамчун як тӯдаи хиёнаткор ва маккору разил мешиносад, аммо онон талош мекунанд, то ҳарчӣ зиёдтар миссияи худ, яъне ифротӣ намудани ҷавононро ба анҷом расонанд. Ва ба ҳамин хотир аъзоёни фирории ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар чандин сомонаҳоро таъсис додаанд, ки мақсаду маромашон ин аз байн бурдани  фазои солим ва андешаи солим мебошад. Наҳзатиён бештар талош мекунанд, то бо маводҳои бардурӯғу иғвобарангез ва  хусусияти ифротӣ дошта, ҷавононро гумроҳ созанду андешаҳои ҷоҳпарастӣ ва радикаливу зиддиинсонии худро бар онҳо таҳмил намоянд.

 Ҳоло ҳар маводе, ки  дар сомонаҳои наҳзатиён ба нашр мерасад, комилан бардурӯғ ва пур аз туҳмату буҳтон буда, мақсади хоинонаву душманонаи наҳзатиёнро бар миллати тоҷик бештар ошкор менамояд, ки инро ҳар як фарди солимфикр метавонад ташхис диҳад. Маълум аст, ки барои ин кор бар наҳзатиёни хоин ва террорист хоҷагони хориҷияшон, ки мақсаду маромашон аз байн бурдани арзишҳои миллии мост, маблағ медиҳанд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори ношоиста ва муздуронаву душманонаи наҳзатиёнро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!