ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: СОМОНАҲОИ НАҲЗАТӢ МАРКАЗҲОИ ИФРОТГАРОӢ!

Ҳамон гуна, ки барои ҳамаи мо маълум аст ва барои тамоми оламиён имрӯз низ ошкор гардидааст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар Аврупо ба таблиғи ифротгароӣ ва чапгароиву душманситезӣ машғуланду бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд. Он чӣ наҳзатиёнро ноором ва парешонхотир сохтааст, ин рӯз аз рӯз худшинос гардидани насли ҷавон ва ободу зебо гардидани кишвар мебошад. Ба ҳамин далел кунун наҳзатиён талош мекунанд, ин ҳамаро бо гунаи дигар ва душманона пешкаш кунанд ва ҳамин аст, ки дар сомонаи таъсисдодаи худ бо номи “Пайём.нет” ва “ислоҳ.нет” ҳамарӯза маводҳои ифротӣ ва бӯҳтоннома ба нашр мерасонанд, ки бисёр ҳам амали номардона аст.

Зеро сомонаҳои мазкур ба он хотир ба нашри чунин матлбаҳои бардурӯғ ва иғвобарангез мепардозанд, ки ҷавонон ва махсусан қишри камогоҳро гумроҳ намоянд. Сомонаҳои таъсисдодаи неаҳзатиёнро мешавад як навъ фаъолияти душманона ва авбошонаи наҳзатиён номид.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманона ва авбошонаи наҳзатиёнро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!