ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: НАХЛИ БАД ҲАРГИЗ НАДИҲАД САМАР

Дар таҷриба чунин шудааст, ки пирони рӯзгордида ва ашхоси бомаърифат бо таҳлилу сафаргузаштҳои хеш ба ин ё он масъала баҳои амиқ гузошта, хулосабарорӣ намудаанд. Ва ҳамин чиз сабаб шудааст, ки панду андарз ва мақолҳои мардумӣ қимати хешро аз даст надиҳанд. Яке аз чунин мақоли саризабонии мардумӣ ин “ нахли бад ҳаргиз надиҳад самар” аст, ки то ба имрӯз қимати хешро аз даст надодааст ва ҳамеша шиносномаи баъзе ашхос низ гардидааст.

Ба мисоли ин гуна афрод ва ашхоси бадтинату бадмеҳр ва кӯрботину кӯрбовар метавон аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломиро ном бурд, ки рафтору гуфторашон сад дар сад дар қолаби ҳамин ҷумла арзёбӣ шудааст. Зеро ҳамин наҳзатиёни палид ва разил намунаи олии “нахли бад” ҳастанд ва аз ин тоифа ба ҷуз бадиву риёкорӣ, авбошиву ҷиноят дигар чизеро интизор шудан ғайри имкон аст.

Ҳарчанд волидайни наҳзатиён онҳоро бо сад умед ба воя расонида буданд ва аз онҳо дар ҷомеа инсони солиму равшанфикрро интизор буданд, аммо вақт нишон дод, ки ин наҳзатиёни палид аз решаи худ бадӣ дур нарафта, ҳама арзишҳоро зери по гузошта, ба роҳи бисёр ҳам вазнини зиддибашарӣ рафтаанд, ки оқибати нек надорад.

Мо устодони кафедра ин рафтори наҳзатиёни палидро маҳкум намуда, ба ҷавонон муроҷиат намуда,  ёдрас мешавем, ки “ нахли бад ҳаргиз надиҳад самар”.