ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: НЕСТ БОД ТТЭ ҲНИ!

Ҳарчан имрӯзҳо фаъолияти ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом дар кишвар қатъ гардидааст, аммо аъзоёну раисонаш имрӯзҳо ба хориҷ аз кишвар фирор намуда, дарк ишварҳои бегона барои коста шудани обрӯву мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ талош меварзанд.

Ҳоло наҳзатиёни касиф дар хориҷ аз кишвар бо сармоягузории хоҷагони хориҷияшон кӯшиш мекунанд, то  ҳамон барномаи солҳои 90-ум амалӣ кардаашонро, яъне ташкили дубораи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар амалӣ созанд. Наҳзатиён имрӯзҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ҷомеаро гумроҳ намоянду дубора боварии мардумро ба даст оранд. Аммо ин палидони наҳзатӣ фаромӯш кардаанд, ки миллат дигар он солҳои 90-умро фаромӯш накардаасту хуб медонад, ки бо бовар кардан бар наҳзатиён чӣ қадар куштору разолат ва  бадбахтӣ бар сари кишвар омад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни палидро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!