ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: КӮРДИЛОН ҲАРГИЗ БА МАҚСАД НАРАСАНД!

Имрӯзҳо чунин мушоҳида шудааст, ки аксарияти душманони миллати тоҷиқ зери як чатр сарҷамъ шуда, дигар тобу тоқати пинҳон нишастанро надоранд, зеро 20 солаҳост, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон маблағгузорӣ мешаванду мехӯранду мегарданду хиёнат мекунанд ва дигар ҳоло, ки дар хориҷ ҳастанд, лозим ҳам намедонанд, ки дигар зери парда бошанд.

Албатта, ин рафтор ва амали нодурусту ғайриинсонӣ, ки оқибати бад дораду ҳаргиз касеро бо ин ҷурм  набахшидаанд, дар урфу одати мардум хиёнати нобахшиданӣ ҳисобида мешуду аксаран гузаштагон хоин ва хиёнаткорро сангсор мекарданд, то бар дигарон сабақ гардад. Зеро то ба имрӯз хиёнат ва хиёнаткорӣ манфуртарин амал ва зишттарин роҳ барои инсон ҳисобида мешавад. Аммо аз чӣ бошад, ки имрӯзҳо иддае аз бадгавҳори кӯрдилу кӯрботини наҳзатӣ ин амалро манбаи даромад ва пешбурди зиндагӣ ҳисобидаанду аз роҳи хиёнат бар миллату Ватан маблағ ба даст меоваранд, ки воқеан ҳам мояи нигаронист.

Лек наҳзатиён ва дигар бадгаввҳарон набояд фаромӯш созанд, ки ҳеҷ як кӯрдилу кӯрботин ва бадниҳоду баднафси шикампарвар бо роҳи хиёнат бар мақсад нарасидааст ва ҳаргиз нахоҳад расид. Зеро ҷомеа хб медонад, ки имрӯз наҳзатиён барои гумроҳ сохтани миллат чиҳое намегӯянду чӣ дурӯғҳое намебофанд, аммо ҳақиқат ин аст, ки миллат дигар ҳақиқат ва чеҳраи аслии душманони наҳзатиро шинохтааст ва дигар бовар ҳам нахоҳад кард бар афсонаҳои бофтаву сохтаи наҳзатиёни манфур.

Мо, устодони кафедра ин рафтори нодуруст ва ношоиставу ғайриинсонии наҳзатиёнро маҳкум намуда бар ин наҳзатиёни малъун лаънат мехонем.