Аз гузаштаи дури таърих ба мо маълум аст, ки миллати тоҷик ҳамчун намунаи олии тамоми халқияту миллатҳои ҷаҳон дар сайёраи замин арзи ҳастӣ намудааст ва аксарияти қавмҳои дигар ахлоқи намунавиро маҳз аз ҳамин миллати куҳан ва ягона омӯхтаанд. Албатта, зикр кардан ба маврид аст, ки имрӯз олимони сайёра ватани мо – Тоҷикистонро маркази тамаддуни башарият унвон кардаанд ва ин бесабаб нест. Зеро миллати тоҷик ҳамеша барои башарият ҳамчун миллати тамаддунофар хизмат намудааст ва ба ҷаҳониён ахлоқи накӯ омӯзонидааст.
Вале имрӯз бо пайдо шудани як идда аз нохалафон ва ятимони олами тарбия, ки бо созмони террористии ҲНИ худро мутаҳҳид сохтаанд, ҳамин ахлоқи намунавии миллати тоҷикро зери суол мебаранд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳеҷ замоне аз миллати бофарҳангу маданияти тоҷик чунин тоифае набаромадааст, ки имрӯз ҳаст. Манзур аз ин гуфта дар он аст, ки миллати тоҷик ҳаргиз барои коста намудани ахлоқи ҷомеа андешаи худро равона накардааст ва ҳамеша гузаштагони мо фарзандони худро ба роҳи рост ҳидоят менамуданд ва бадахлоқӣ зишттарин рафтор дар миёни ҷомеаи мо ҳисоб меёфт.
Лек имрӯз намедонам бо кадом сабабе бошад дар ҷомеаи мо чунин афроде мисли аъзоёни ТЭТ ҲНИ пайдо шуданд, ки ба тоҷик буданашо шубҳа пайдо мешавад. Ҳаргиз имкон надорад, ки фарзанди миллати тоҷик чунин хиёнаткору бадахлоқ, дурӯяву дасисабоз бошад. Наҳзатиёни террорист дубора исбот намуданд, ки онҳо аз миллати мо нестанд ва ҳаргиз мо ин тоифаи авбошро намояндаи миллати худ намеҳисобем.
Аз ин рӯ, мо омӯзгорон амалҳои бадахлоқонаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, талаб менамоем, ки ин тоифаи авбош табиати тозаи ахлоқи миллати тоҷикро бо рафтори зишти худ олуда накунанд. Наҳзатиёни террорист ҳаргиз намояндаи миллати мо нест, балки душмани миллати мо ҳастанд.