ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ УМУМИТЕХНИКИИ ДКМТ: ХОМАИ СӮЗАНДАИ САЛИМПУР АЗ КУҶО СӮЗИШВОРӢ МЕГИРАД?

Як қаламкаши гурезаи Мирзои Салимпур бо паҳн намудани  хабари иғвоангез дар расонаи хабарии «Ахбор.ком» чӣ нияту мақсад дорад? Ба сиёҳ кардани фаъолияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ангехтани низоъ миёни ҷомеаи Тоҷикистон аст? Аммо мардуми  кишварамон ҳар гуна талошҳои зӯроваронаро аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои доғдор барои дастрасӣ ба ҳадафҳои ғаразнок, ки метавонанд боиси халалдор гардидани амният ва субот дар кишвари азизамон гарданд, қотеона маҳкум менамоянд.

Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ваҳдати пойдор бо қадамҳои устувор ба сӯи рушду шукуфоӣ дар ҳаракат аст ва моро лозим аст, то ин равандро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда кишвари ободу зебо ва қавиро ба мерос гузорем. Чунин фарзадони нохалаф барои хидматҳои нопок ва хиёнатҳои худ  бояд дар назди халқу ватан ҷавоб гӯянд. Мирзои Салимпур, ки яке аз шахсиятҳои барои миллати мо фурӯхташуда, имруз ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ худро як шахсияти нодири таърихӣ таҷассум карда истодааст. Гӯё баъд аз ӯ касе ба дунё намеояд ва пеш аз ӯ мисли вай пайдо нашудааст. Албата ин гуна аъмоли зишт  хандаи касро меоварад.

Суоле бар меояд ки ақоиди заҳролуди хомаи сӯзандаи Салимпурро кӣ бо сӯзишворӣ таъмин мекунад? Албатта, хоҷагони хориҷӣ! Созандагӣ мебояд имрӯз на сӯзандагӣ!