Албатта қабл аз оне, ки ба ин мавзӯъ пардозем чунин хулоса мешавад, ки наҳзатиён ва душмнаони миллати тоҷик баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаҳои нополки душманони миллати тоҷик сафарбар гардидаанд ва дар ин замина як қатор расонаҳоро низ таъсиси додаанд, ки ҳамааш гусолае аз як подаро мемонад.
Яъне ҳамаи ин фаъолияти наҳзатиёни палиду разил, ки барои тарғиби ғояҳои террористиву экстремистӣ ва гумроҳ намудани фаъолияти мардум ба роҳ монда шудааст, ягон натиҷа надода, хушбахтона миллат боз ҳам аз чеҳраи манфурур палидонаи ин наҳзатиён аз наздик ошно гардид ва шинохт, ки ин хоинон ҳадафи нек надоранд ва фақат барои пул кор мекунанду халос.
Наҳзатиёни лаин дар ин як сол чанд маротиба баромад намуда, худро шарманда сохтанд ва чеҳраи воқеии худро, яъне ҳамон чеҳраи террористиву инсонбадбинии худро ошкор сохтанд.
Мо устодони кафедра фаъолияти яксолаи террористиву экстремистии авбошҳои наҳзатиро ба таври комил маҳкум намуда, ба ин хоинони малъун шармат бод мегӯем!