ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: М.КАБИРӢ ПАЛИДТАРИН ХОИН ВА ТЕРРОРИСТИ ФУРӮХТАШУДА

Чанде қабл дар расонаҳо матолибе нашр гардид, ки аз муомилаву рафтор ва ҳамкории М. Кабирӣ роҳбари ТТЭ ҲНИ  бо созмонҳои террористии ҷаҳон ва хоҷагони террористпарвари хориҷияш қисса менамояд.

Ҳамон гуна, ки маълум аст, Кабирии палиду манфур ба хотири аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехтан ва ба дӯш нагирифтани гуноҳҳову хиёнатҳояш ба хориҷи кишвар фирор намуд ва дар ҳамон ҷо ҳоло фаъолияти террористӣ-экстремистияшро идома додаистодааст.

Тибқи иттилои ба даст омада, роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирии палид бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ҳамкорияшро барқарор намуда, бар ивази маблағи ҳангуфте чандин тан аз аъзоёни ҳизби террористияшро ба сафи ин созмони террористӣ ҳамроҳ намудааст. Ҳамчунин барои ба даст оварданим маблағи зиёдтар ҷавонони муҳоҷири муқими Туркияро гумроҳ намуда, ба ин созмони террористӣ фиристодааст.

Маълумоте низ дар даст ҳаст, ки ин наҳзатии палиду касиф ва разилу хоин Кабирии террорист соли 2018 чандин маротиба аз хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон барои тарғибу ташвиқи ғояҳои террористӣ-экстремистӣ ва паст намудани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба маблағи 3 миллиону 300 ҳазор доллар  пул гирифтааст ва ҳамин гуна далелҳо хеле зиёд аст, ки хоиниву ғуломтабиатии ин касифро ба таври комил ошкор месозад.

Мо устодони кафедра ин рафтори хоини миллатро ба маҳкум менамоем ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб менамоем, ки ин авбош ва террористи наҳзатӣ Кабирии палид ба ҷавобгарӣ кашида шавад!