ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: НАҲЗАТИЁН ҶОҲИЛТАРИН ТЕРРОРИСТОН!

Вазъи сиёсии ҷаҳон имрӯз ҳама ҳодисотро таҳлил мекунад ва ҳар як нуктаи сиёсӣ ва чӣ бо нияти нек ва чӣ бо нияти бад онро бозгӯ месозад. Ҳамин аст, ки имрӯз баъзе абарқудратҳо ва душманони миллатҳову давлтаҳо ба ҳамлаҳои хурд гузаштаанду аз обзорҳои пинҳон истифода мекунанд. Мисле, ки як қабил давлатҳо лоиҳаи террористиро ташкил медиҳанд ва инро мешавад дар мисоли солҳои 90-ум хуб мушоҳида намуд, ки чӣ тавр душманони миллати тоҷик ба хотири аз байн бурдани миллати тоҷик лоиҳаи террористии ТТЭ ҲНИ-ро ташкил карданду кишварро ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд ва ҳанӯз ҳам захми ин ҷанг аз дилҳо нарафтааст.

Имрӯз низ наҳзатиён бо ҳамон шеваи разолат ва ҷаҳолату ваҳшоният бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд, то ҷомеаро гумроҳ созанду мутеъи хоҷагони хориҷияшон созанд, ки ин аз ҷоҳилият ва хислати пасти онон шаҳодат медиҳад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллат, наҳзатиёни манфурро комилан маҳкум намуда бар онон лаънат мехонем!