ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ҶОМЕА БОЯД ХУДРО АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ КУНАД!

Ҳарчанд бароми ҳамагон маълум аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ гирифтори вируси ҳамагири коронаист, аммо дар ин росто бояд инсонҳо талош варзанд, то худро эҳтиёт намоянду чораҳои зиддиэпидемиявиро риоят намоянд.  Зеро хатари гирифторшавӣ ҳанӯз ҳам дар баъзе кишварҳо дар сатҳи болост ва ин маънои онро дорад, ки шаҳрвандон бояд зиёдтар барои ҳифзи худ талош варзанд ва беаҳамият набошанд.

Ҳар як амали беаҳмиятӣ ва бепарвогии шаҳрвандон метавонад боис ба мубталошавии худи онҳо ва оилаашон гардад, ки ин бисёр ҳам хатарнок аст. Албатта, пайдо шудани ваксина ё ҳамсониллат моро хурсанд менамояд, вале то дастрас шудани он ба минтақа набояд бепарво буд ва ҳар як оила ва шаҳрванд бояд дар ҳифзи саломатии худ ва ҷомеа масъул бошад ва барои ин пеш аз чораҳои пешгирикунандаро бояд риоя кард.

Мо, омӯзгорони кафедра барои кулли ҷомеаи кишвар сиҳатмандӣ ва саломатиро таманно намуда, хостори сиҳатмандиву солимии тамоми ҷомеаи Тоҷикистон ҳастем.