ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ХОИН БАХШИДА НАМЕШАВАД!

Ба наздики филми мустанади “Хиёнат” манзури тамошобинон гардонида шуд, ки аз зишткориву хиёнаткорӣ ва ҷинояткориҳои аъзо ва пайравони ТТЭ ҲНИ қисса менамояд, ки бисёр ҳам филми муҳим барои шинохти наҳзатиён дониста мешавад. Ва аз як ҷиҳат метавон гуфт, ки филми мазкур барои шинохти наҳзатиён чашми мардумро кушод, ки дар асл наҳзатиён кистанд?

Ҳақиқат ин аст, ки наҳзатиён муздуроне беш нестанд ва ҳамеша барои хиёнат кардан бар ҷомеа амал мекунанд ва имрӯзҳо низ ҳамин хиёнатҳояшонро идома додаистодаанд, ки ҳаргиз бахшида нахоҳанд шуд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, хоинони бадкеши наҳзатиро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!