Чандест, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар хориҷи кишвар қарор гирифта, барои боз ҳам бадтар нишон додан, паст задани мақому мартабаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, гумроҳ намудани мардум кӯшиш ба харҷ дода, як силсила ахбору хабарҳои бардурӯғу иғвобарангезро нашр намуданд, ки бар хилофи одамгариву ҳақиқат аст.
Ҳарчанд ин девсарони олами терроризм бо хадамоти махсуси давлатҳои хориҷӣ ва хоҷагони хориҷияшон расман ҳамкорӣ менамоянд, аммо мақсаду маромашон фақат яктост, ин ҳам бошад ба таври расмӣ паст задани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ бо нашри хабару иттилои бардурӯғ ва гумроҳ намудани миллати тоҷик.
Ҳамон гуна, ки маълум аст, М. Кабирии палид роҳбари ТЭТ ҲНИ аз хадамоти махсуси ҶИЭ барои таъсиси як қатор расонаҳо дар интернет ва радиову телевизион дар соли 2018 3миллиону 300 доллар маблағ гирифтааст ва ин танҳо як маротиба нест.
Аз ин рӯ, мо омӯзгорони кафедра ин хинаткорону хоинони миллатро, ки тавони дидани ободиву шукувоии кишварро надоранд ба таври комил маҳкум менамоем ва лаънат мехонем бар ин тоифаи наҳзатӣ!