Ҳоло авзои сиёсӣ дар ҷаҳон мураккабтар гардидааст, ки ин ҳам бошад бо сабабҳо ва омилҳои мухталиф вобастагӣ дорад. Яке аз масъалаҳои бисёр ҳам мубрам ва доғ барои тамоми ҷаҳон ва махсусан кишварҳои ИДМ тақдири халқи Белорус мебошад, ки имрӯзҳо бо фармони бегонагон даст ба нооромиву бетартибиҳо задаанду хиёбонгардӣ менамоянд.
Вазъияти кунунӣ дар кишвари Белорус пас аз маъракаи интихоботи президентӣ баамал омад, ки бисёриҳо даст доштани бегонагонро дар ин эътирозҳо тасдиқ мекунанд ва барои ин далелҳои зиёде мавҷуданд. Сабаби чунин эътирозҳоро бештар коршиносон дар даст доштани қувваҳои берунӣ медонанд ва таҳлилҳо низ ин чизро тасдиқ мекунад. Зеро он имконият ва шароите, ки дар кишвари Белорус ҳаст, барои аксари абарқудратҳо заруристу онҳо нияти ба даст овардани онро доранд, вале мардуми Белорус аз ин чиз бехабаранду думболи шиорҳои бегонагон мераванду намедонанд, ки бо ин корашон кишварашонро ба маркази низоъ мубаддал мегардонанд.
Чунки як замоне мардуми Украина ҳам бо чунин шиорҳо ба майдонҳо баромаданду оқибат дидем, ки кишвар ба чи рӯз гирифтор шуд?!
Имрӯз дигар кишвари Украина амну ором нест ва ҳатто қисме аз заминҳояшро низ аз даст дод, ки мардуми Белорус бояд аз он дарси ибрат гиранду бо чашми хирад ба олам бингаранд. Дур намеравем, аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо чунин шиорҳо ба майдон омоданду бо нақшақашии хоҷагони хориҷияшон ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ташкил карданду ҷони зиёда аз 160 ҳазор шаҳрванди бегуноҳро гирифтанд, ки ин талафоти бузург аст. Ҳамчунин кишвар аз лиҳози иқтисодӣ ба даҳсолаҳо ақиб монд, ки сабабгори ҳамаи ин ҳамон гумроҳшавии ҷомеа дар солҳои 90-ум мебошанд.
Аз ин лиҳоз мардуми кишвари Белорус бояд ба чунин иштибоҳ роҳ надиҳанд, ба душманонашон бовар накунанд, ки хатари аз байн рафтани амнияту субот ва имкониятҳои иқтисодӣ дар Белорус дида мешавад.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори нодуруст ва иштибоҳии мардуми Белорусро маҳкум намуда, гуфтанӣ ҳастем, ки тақдири худро ба дасти бегонагон насупоред!