Имрӯзҳо яке аз душманони миллати тоҷик Кури Юнуси Истаравшанӣ, ки бештар худро рӯҳонӣ вонамуд карда аз номи дин сӯистифода намуда, ҷавононро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳад, бо пайрави аз наҳзатиёни бадкеш бар алайҳи миллати тоҷик ҳоло сафсатаҳо менависад. Ҳамон гуна, ки маълум аст, Кури Юнус дар зиндагӣ ягон ҳадафи амиқ надошта, аз мазҳабу дини худ рӯ тофта ба хизмати хоҷагони хориҷияш гузаштааст, ки аз пастфитративу ғуломтарбиягии ӯ шаҳодат медиҳад.
Ҳоло ин хоин ва душмани миллати тоҷик аз наҳзатиён ҳимоят намуда, онҳоро дар сомонаҳои интернетӣ ва дар саҳифаи интернетии худаш, ки пур аз матолиби иғвобарангезиву ифротист, таблиғ мекунад, то ба ҳамин роҳ ҷавононро гумроҳ гардонад. Василаи аслии гумроҳсозии ҷавонон барои Кури Юнуси Истаравшанӣ ин дин мебошад, ки ин палиди малъун аз он бештар истифода мекунад, то ҷавононро фирефта гардонад.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душмани миллати тоҷик, хоини бадкеш ва малъунро комилан маҳкум намуда, гуфтани ҳастем, ки шармат бод Кури Юнус!