Тавре, ки маълум аст, пас аз ошкор шудани хиёнатҳо ва робитааш бо ТТЭ ҲНИ ва кишвари ба мо маълум Мирзои Салимпур хеле хашмгин шуда, имрӯзҳо намедонад, чӣ тавр бар алайҳи миллату давлати мо сангпартоӣ кунад? Салимпур аъзои ТТЭ ҲНИ ва яке аз машҳуртарин чеҳраҳои манҳуси душманони миллати тоҷик мебошад, ки имрӯз бо таъсиси сомонаи ахбор.ком барои гумроҳ кардани миллати тоҷик сафарбар шудааст. Дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” мавзӯи мазкур бисёр ҳам кушоду равшан ва возеҳ шарҳ дода шудааст ва чеҳраи аслии Салимпур ифшо гардонида шудааст.
Ҳамин аст, ки имрӯз Мирзои Салимпур матлабе бо номи «Номардӣ ва ваҳшоният. Ин Ҳукумат оё ягон соҳиб дорад?» навишта ба Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва ёрдамчии Президенти ҶТ муроҷиат кардааст, ки аслан як шеваи найранги навбатияшро мемонад. Зеро ҳама хуб медонанд, ки Салимпур хоин ва хиёнаткори рақами 1 мебошад. Дар матлаби мазкур, ки аз номаш бӯйи ғараз меояд, Салимпур фаромӯш кардааст, ки чӣ хел мардии худашро аз даст додаву ғуломи наҳзатиён гардидааст. Ҳолодар ин васат пойи хешовандонашро ба пеш кашидааст, то дурӯғҳояшро муҷаллотар гардонаду мардумро бифиребад.
Мо, устодони кафедра ин рафтори нодуруст ва найрангбозии Салимпурро комилан маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!