ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ТТЭ ҲНИ -МАРКАЗИ ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ!

Ҳамагон аз ҳуҷҷатҳо ва санадҳои таърихӣ хуб медонанд, ки ТТЭ ҲНИ дар аввали солҳои 90-ум бо сармоягузории хоҷагони хориҷияш таъсис дода шудаасту бар алайҳи миллати тоҷик равона сохта шудааст. Ва ҳамчунин маълум аст, ки ТТЭ ҲНИ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар ташкил намуду кишварро ба хоку хун кашид ва зиёда аз 160000 қурбонӣ ба ҷо гузошт, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони бегуноҳ буданд.

Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ТТЭ ҲНИ боз ҳам фаъолияти террористии худро идома дода, бо созмонҳои террористии “Бародарони мусалмон”, “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Ансоруллоҳ”, “Давлати исломӣ” робита барқарор намуда, ҳамкориҳояшро густариш додааст, ки ин амал боз ҳам манфуртарин будани аъзоён ва роҳбарони ТТЭ ҲНИ-ро исбот менамояд.

Пас аз содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва мудҳиш наҳзатиён яъне аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хориҷ аз кишвар фирор намуда, талош менамоянд, то бар алайҳи миллат мубориза баранд ва ҷомеаро гумроҳ созанд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори наҳзатиёни манфурро маҳкум намуда, бар ин террористони наҳзатӣ, ки имрӯз ТТЭ ҲНИ ба як маркази террористии байналмилалӣ табдил ёфтааст, лаънат мехонем!