ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: НИҲОДИ БАДГАВҲАРОН НОПОК АСТ!

Ҳарчанд дар чандсолаи охир борҳо исбот шудааст, ки наҳзатиён террористу инсонбадбин ҳастанд, аммо то кунун наҳзатиёни бадгавҳар ва носипосу бадкеш кӯшиш мекунанд, то ин хислат ва характиристикаи худро аз ҷавонон пинҳон доранду худро “ғамхори миллат” ё худ “ватандӯст” муаррифӣ кунанд. Аммо суоле ба миён меояд, ки агар наҳзатиён ватандӯст ҳастанд, чаро 160 000 шаҳрванди бегуноҳро ба қатл расонидад?

Чаро бо фармони хоҷаҳои хориҷияшон дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ташкил карданд?

Кадом ватандӯстро дидаед, ки ватани худашро таҳқир кунад? Кадом ғамхори миллатро дидаед, ки миллатро дар арсаи байналмилалӣ беобрӯ созад?

Магар ин рафтори наҳзатиён ватандӯстист?

Маълум аст, ки наҳзатиён барои посух гуфтан ба ин суолҳо хеле сархам мешаванд ва маҷбуранд, ки дигар пушти парда бозӣ накунанд ва ҷиноятҳои худро пинҳон надоранд, зеро миллат чеҳраи аслии ин наҳзатиёни кӯрботин ва инсонбадбинро медонад ва хуб огоҳ аст, ки наҳзатиён зархариданду барои хоҷагони хориҷияшон, душманони миллати тоҷик хизмат мекунанд. Ҳамчунин ҳамкориҳояшон бо созмонҳои террористӣ ҳам ошкор гардидааст, ки ин ҳам намегузорад, то наҳзатиён як умр дар зери ниқоб миллатро гумроҳ гардонанд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони миллат, душманони бадкеш ва наҳзатиёни бадгавҳарро, ки ниҳодашон нопок аст,  маҳкум намуда, бар ин тоифаи душман ва террорист лаънат мегӯем!