ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ДУШМАНАТ ПАШША БОШАД, КАМТАР АЗ ФЕЪЛАШ МАДОН

Воқеияти ҳол ҳамин аст, ки аксаран мо миллати шарафманди тоҷик барои аз чаҳорчӯбаи ахлоқи инсонӣ набаромадан бештар аз одоби баланду ахлоқи наку кор гирифта, ба бисёр хислатҳои пасти тарафи дигар таваҷҷуҳ зоҳир наменамоем, ки ин чиз аз чанд ҷиҳат паҳлӯҳои худро дорад.

Вале набояд фаромӯш кард, ки бисёре аз душманон аз ҳзамин хислати неки инсонии мо истифода намуда, дар ниқоби дӯст бо наздик шуда, хиёнатро аз ҳама чиз авло медонанд. Ҳарчанд хислати инсони наку ва ахлоқи ҳамидаи миллат борҳо афроди номуътабарро мавриди бахшиш қарор додааст, лек ҳамоно ҳамин тоифа боз бар ӯ хиёнат намудааст.

Яке аз чунин рӯбоҳсифатони найрангпеша ин аъзоёни ТЭТ ҲНИ мебошанд, ки барои боз ҳам гумроҳтар сохтани мардуми шарафманди кишвар ҳамеша дар ниқоби дӯст ворид шудаву аз пушт ханҷар задаанд ва ин амали наҳзатиёни палид борҳо исбот шудааст.

Воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта далели равшани фаъолияти душманонаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ аст,ки имрӯз садҳо хонаводаи тоҷик онро наметавонад фаромӯш созад.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори бадахлоқонаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, ба ҷавонон рӯ оварда аз забони шоир  гуфтанием, ки “душманат гар пашша бошад, камтар аз феълаш мадон”!