ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ХИЁНАТИ ҲАМСОЯ ҚОБИЛИ ҚАБУЛ НЕСТ!

Имрӯзҳо ҳамагон хуб мушоҳида менамоем, ки қирғизҳо ба хотири соҳиб шудани заминҳои тоҷикон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ муноқишаҳо барпо мекунанд, сокинони маҳаллиро озору уқуб медиҳанд, то тонҳо аз заминҳои худ гурехта раванд. Аммо қирғизҳо як чизро фаромӯш кардаанд, ки мо бо онҳо чандин сол боз ҳамсоя ҳастем ва дар ҳамсоягӣ чунин амалҳои ношоиста ҳаргиз хушоянд нест.

Зеро ҳамсоя набояд, ки бар сари ҳамсояи худ санг бизанад, зеро ҳаққи ҳамсоядорӣ ва одоби ҳамосядорӣ аз байн меравад. Ин амали амали қирғизҳо хеле ҳам нодуруст ва ғайри кирдори инсонист. Магар қирғизҳо соҳиби ин заминҳо буданд?

Он ҳам дар ҳоле, ки тибқи маълумот ва маъхазҳои таърихӣ қирғизҳо ломакон буданд ва маҳз бо шарофати тоҷикон соҳиби замину макон гардидаанд. Оё ин амли қирғизҳо носипосӣ нест?

Имрӯз на қирғизҳо, балки мо бояд даъвои замин кунем. Имрӯз мо бояд қирғизҳоро бигӯем, ки аз заминат хез инро ба ту гузаштагони мо додааст ва ин ҷо ҳаққи мост.

Ин амле, ки қирғизҳо ҳоло раво мебинанд, ҷиноят аст ва ба ҳар як тири кушодаашон бар ҷониби сокинон ба ҳар як санги партофтаашон, бар ҳар як хиёнату сухани ноҷояшон қирғизҳор бояд ҷавоб гӯянд. Мегӯянд, хиёнат бар ҳамсоя қобили қабул нест ва ин хиёнати қирғизҳоро, ин носипосиро мо ҳаргиз намебахшем.

Мо, устодони кафедра ин рафтори нодуруст ва ношоистаи қирғизҳоро маҳкум намуда, гуфтани ҳастем, ки лаънат бар душманони миллат!