ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ НАРМГУФТОРОНИ ДИЛСИЁҲ!

Ҳамагон хуб медонанд, ки душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни бадкеш ва ҳаромзода дар хориҷ аз кишвар дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, бар алайҳи миллат мубориза мебаранд ва бо маблағгузории хоҷагони хориҷияшон он ҷо чандин сомонаҳои ифротиро таъсис додаанд, ки мақадаш иғвобарангезиву дасисабозист.

Ҳоло наҳзатиёни малъун ва ҳаромзода ба хотири гумроҳ намудани миллат ва ҷомеаи кишвар ба хотири бадном кардани миллат дар арсаи байналмилалӣ тамоми талошҳояшонро ба харҷ медиҳанд, то ниятҳои нопокашонро амалӣ созанд. Онон дар сомонаҳои ифротии худ тӯҳматномаҳои бардурӯғ ва ахбори барғалатро пешкаши мардум намуда, аз ин роҳ мехоҳанд ҷомеаро гумроҳ гардонанд. Ҳарчанд дар мадди аввал онҳо малеҳсухану намргуфтор менамоянд, аммо дар асл қабеҳсирату бадниятанд ва ин хислати наҳзатиён махсус аст. Зеро тавре, ки олимон иброз медоранд, душман аз роҳи ширингуфтори ба пушт табар мезанад ва мақсади нопокашро амалӣ месозад ва ин роҳи пешгирифтаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеаро зарур меояд, то худро аз ҳарзаву тӯҳмаҳо ва суханони бардурӯғи наҳзатиён эмин дорад ва асабашро ҳифз кунад. Зеро ягон сухани наҳзатиён, ягон матлаби нашрнамудаи онҳо ба ҳақиқат рост намеояд ва ҳамааш дурӯғ аст.

Мо, устодони кафедра ин рафтори наҳзатиёни бадкеш ва бадниҳодро маҳкум намуда, ба ин тоифаи бадкеш гуфтанӣ ҳастем, ки шарматон бод!